Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Иттифоқ Зинатуллоҳ Исмоилзода ба Узбекистон аз 23 то 27 ноябр сурат мегирад.
«Сафари мазкур бо даъвати Иттифоқи журналистони Узбекистон доир гардида, зимни он дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Бухоро мулоқоту суҳбатҳо бо ҳампешагон дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин боздид аз корхонаҳои саноатӣ ва Минтақаи озоди иқтисодии Ургут дар назар аст. Дар баробари ин меҳмонон аз маконҳои сайёҳии Узбекистон низ боздид менамоянд»,- гуфт раиси ИЖТ Зинатуллоҳ Исмоилзода.
Мавриди зикр аст, ки баъд аз соли 2018 дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ пайваст. Бо шарофати сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳо дар ҳамаи соҳаҳо рӯ ба беҳбудӣ оварданд. Моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Тошканд Созишномаи ҳамкорӣ миёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Узбекистон ба имзо расид.
Дар асоси он 12-16 октябри соли 2022 ҳайати Иттифоқи журналистони Узбекистон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат ба ҷумҳурии мо ташриф оварда, таҳти роҳбарии раиси Иттифоқи журналистони Узбекистон Олимҷон Усаров дар зарфи панҷ рӯз бо дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода шинос гардид.