
Пагоҳ, 25 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Меъёрбандии меҳнат дар давлатҳои узви ИДМ» бо иштироки намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил, созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои таҳқиқотӣ Конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба Мирсаид Сатториён, мухбири радиои “Овози тоҷик” аз қабулгоҳи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Манбаъ гуфт, ин матлаб рӯзи 3 ноябр зимни ҷаласаи XXXV Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои узви ИДМ, ки тариқи онлайн баргузор гардид, баён шуд.