
Эҳдо ба ҷашни 100-солагии ходими намоёни сиёсӣ, давлатӣ ва фарҳангӣ Меҳрубон Назаров, пагоҳ, 26 ноябр дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони «Ёди ёри меҳрубон» доир мешавад.
Чорабинӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуруҳи ташаббускори «Равшандилони Рӯшон» таҷлил мегардад.
Тибқи иттилои масъулини баргузории барнома, дар он Далер Назаров, Давлатманд Холов, Афзалшо Шодиев ва дигар ҳунармандони шинохта ва хушсадо ҳунарнамоӣ мекунанд. Инчунин, дар он порчае аз намоишномаҳои ба қалами Меҳрубон Назаров таалуқдошта аз ҷониби ҳунармандони номвари кишвар ба саҳна гузошта хоҳанд шуд.
Дар чорабинӣ иштироки ректори ДДФСТ ба номи М. Турсунзода, фарҳангшинос Т. Абдушукуровна ва дигар олимону донишмандони соҳаи фарҳанг дар назар аст.
Малвина Хушқадамова