
23 ноябри соли 2022 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдзода Зубайдулло бо муовини вазири мерос ва сайёҳии Салтанати Умон Иброҳим Саид Халаф Оли Харусӣ мулоқот намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот масоили роҳандозии ҳамкорӣ байни ниҳодҳои сайёҳӣ ва марказҳои мероси таърихиву фарҳангии ду кишвар, инчунин табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.