Имрӯз, 25 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Меъёрбандии меҳнат дар давлатҳои узви ИДМ» бо иштироки намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил, созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои таҳқиқотӣ Конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора Мирсаид Сатториён ва Шаҳнозаи Муҳиддин, хабарнигорони радиои “Овози тоҷик” хабар дод.
Дар кори конфронс Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, аъзои Шурои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳо ширкат намуданд.
Дар ҳамоиш иштирокчиён ба зарурати такмили низоми меъёрбандии меҳнат ва дарёфти роҳу усулҳои нави он дар марҳилаи муосир таваҷҷӯҳ намуданд. Дар он асосан ба ҷанбаҳои гуногуни меъёрбандии меҳнат, аз ҷумла моҳияти стандартҳои ТБМ дар соҳаи меъёрбандии меҳнат; танзим ва ҳамоҳангсозии корҳо оид бамеъёргирии меҳнат дар давлатҳо — аъзои ИМД; асосҳои илмии таҳия ва ҷорӣ намудани бамеъёргирии меҳнат дар равандҳои истеҳсолии корхонаҳо; амалияи бамеъёргирии меҳнат дар корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ; дурнамои рушди ҳамкориҳои давлатҳо — аъзои ИДМ да соҳаи бамеъёргирии меҳнат; низоми автоматикунонидашуда ҳисобкунии давомнокии таъмири конҳо; бамеъёргирии меҳнат да хоҷагии манзилию коммуналӣ; ташкили бамеъёргирии меҳнат да роҳҳои оҳан; муқаррар намудани меъёрҳои ягонаи вақт барои иҷрс ҳаҷми муайяни корҳои таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ, инчунин корҳои лабораторӣ дар соҳаи истеҳсоли нафт; фаъолияти ташкило базавии давлатҳо — аъзои ИДМ оид ба тайёр кардан, бозомӯзӣ такмили ихтисоси кадрҳои бамеъёргирии меҳнат; ташкили омӯзи ғайрирасмӣ барои гурӯҳҳои синну соли гуногуни шаҳрвандон донишгоҳи виртуалии корпоративии SMART ва дигар масъал рОнамоҳо ва маърузаҳои илмӣ манзур намуданд. Аз натиҷаи конфронси байналмиллалии мазкур доир ба масъала муҳокимашуда тавсияҳо қабул гардиданд.