
Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода тими ”Эсхата”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода, Ҷоми Тоҷикистон-2025-ро ба даст овард. Бозии ниҳоии ин мусобиқа шоми имрӯз, 14-уми сентябр, дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлоли Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.
Голҳои дастаи шаҳри Турсунзодаро Шервони Мабатшоев, Самандар Қодиров, Шӯҳрат Элмуродов (ду гол) ва Нозим Бобоҷонов заданд.
Ин бори 8-ум аст, ки “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст меорад.