20-28 ноябр дар шаҳри Намангони Узбекистон Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба ҳендбол миёни ҷавондухтарон ва ҷавонписарони то 18-сола баргузор шуд. Аз Тоҷикистон танҳо тими бонувон ба мусобиқа сафарбар гардида, ҷои дуюмро сазовор шуданд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар медиаҳд, мусобиқа тибқи системаи даврӣ баргузор шуда, тими Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев чор бозӣ анҷом дод.
Ҳендболбоздухтарони ҷавони мо дар се бозӣ муқобили дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон пирӯз шуда, аз дастаи Узбекистон шикаст хурданд ва ҷои дуюмро сазовор гаштанд.
Дар мусобиқа миёни духтарон Узбекистон ҷои аввал, Қирғизистон ҷои сеюмро мушарраф шуданд.