Вакилони Туркия дар парлумон ҳангоми баррасии буҷаи давлатӣ барои соли 2023 задухӯрд карданд. Бар асари ин задухӯрд яке аз вакилон аз сараш ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудааст. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба хабаргузории « Sputnik Туркия” иттилоъ медиҳад.
Бино ба хабари манбаъ, дар рӯзи дуюми музокирот дар парлумон боз ташаннуҷ ба амал омад, вале хушбахтона даррав рафъ карда шуд.
Гуфта мешавад, ки муноқиша баъд аз задухӯрди лафзӣ миёни вакилони ду ҳизб: “Адолат ва рушд” ва “Нек” сар задааст. “Дар натиҷаи занозании гуруҳӣ Ҳусейн Орс, узви ҳизби “Нек” аз сараш ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол ёфт”, — навиштааст манбаъ.
Пас аз ин муноқиша муовини раиси парлумон Ҳайдар Акар, ки дар он лаҳзаҳо раиси ҷаласа буд, барои 10 дақиқа танаффус эълон кард.
Тибқи навиштаи хабаргузорӣ чунин ҳолат дар парлумони ин кишвар бори аввал нест. Соли 2021 вакилони турк дар бораи истифодаи ҳавопаймои хусусии як соҳибкор аз ҷониби вазир занозанӣ карданд.
Муноқиша баъд аз он сар зад, ки яке аз вакилони порлумон аз Сулаймон Сойлу, вазири корҳои дохилӣ пурсид, ки чаро аз ҳавопаймои хусусии соҳибкори маҳаллӣ Сезгин Баран Коркмаз, ки ба шустушӯи пул муттаҳам аст, ҳангоми сафари хизматиаш истифода кардааст. Пас аз оне, ки Сойлу суханони вакилро рад кард, миёни онҳо занозанӣ сар зад ва дар натиҷаи он вакил аз дасташ ҷароҳат бардошт.