Ҳимоятгари Португалия Пепе гуфт, ҳамлагар Криштиану Роналдо дар бозии даври аввали плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар бо тими Марокаш дар ҳайати бозингарони эҳтиётӣ буд. Дар ин бора сомонаи расмии Чемпионат аз қавли ин варзишгар иттилоъ додааст.
«Ҳеҷ масъалае нест. Роналдо хуб медонад, ки чизи аз ҳама муҳим ин даста аст. Ин интихоби мураббӣ буд ва мо бояд ин қарорро эҳтиром кунем», — гуфтааст Пепе О Ҷого.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Португалия дар даври 1/8 финал бар тими Швейтсария (6:1) пирӯз шуда, ба даври чорякфиналии Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфт. Криштиано бозиро дар ҳайати эҳтиётиён оғоз намуда, танҳо дар дақиқаи 73-юм ба майдон баромад.