7 декабри 2022 дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Подшоҳии Нидерланд мулоқоти муштараки сафирони Тоҷикистон Мирзошариф Ҷалолов ва Подшоҳии Нидерланд Питер ван дер Влиет бо Муовини парлумонии вазири замин, зерсохтор, нақлиёт ва сайёҳии Япония ҷаноби Фурукава Ясушӣ доир гардид. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкории Тоҷикистону Нидерланд дар доираи баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк ва инчунин таъмини иштироки ҳайати сатҳи баланди ҷониби японӣ дар чорабинии мазкур ибрози назар карданд.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин оид ба масъалаи об дар минтақа ва ташаббусҳои байналмилалии кишвари мо дар соҳаи об, пешгирии зуҳуроти тағйирёбии иқлим ва наҷоти пиряхҳо маълумот дода, ҳамбастагии байналмилалиро ҷиҳати ҳалли мушкилоти бо об рабтдошта, амри зарурӣ номид.