Вазири корҳои дохилии Швейтсария Ален Берсет барои соли 2023 президенти ин кишвар интихоб шуд. Ӯ аз Ҳизби сотсиал-демократ дар ҳукумат намояндагӣ мекунад. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба дафтари матбуоти президенти ин кишвар иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки интихобот рӯзи 7 декабр дар ҷаласаи муштараки ду палатаи Маҷлиси федералӣ (парлумон) баргузор гардид. Ваколатҳои президентиро Берсет тайи 12 моҳ ҳамзамон бо вазифаи вазирии худ иҷро хоҳад кард. Ӯ аз 1 январи соли 2023 ба кор шурӯъ менамояд.
Ален Берсет 9 апрели соли 1972 дар кантони Фрибур дар ғарби Швейтсария таваллуд шудааст. Ӯ доктори илмҳои иқтисод ва магистри сиёсатшиносӣ мебошад. Ӯ аз соли 2012 дар сохтори ҳукумат фаъолият дошта, роҳбарии Вазорати (Департаменти федералии) корҳои дохилиро ба уҳда дорад, ки аз ҷумла ба таъмини иҷтимоӣ, тандурустӣ ва фарҳанг масъул аст. Давоми соли 2018 Берсет аллакай ба ҳайси президент кор карда буд ва интихоби нав ба ин мақом дар зиндагии ӯ бори дуюм аст.
Вазифаҳои президентиро аъзои Шӯрои федералӣ давоми соли тақвимӣ бо навбат, дар асоси ҷойивазкунӣ иҷро менамоянд. Вазире, ки қаблан як сол муовини президент буд, маъмулан барои 12 моҳ президент мешавад. Берсет, ки соли 2022 вазифаи муовини президентро бар уҳда дошт, аз 1 январи соли 2023 дар мақоми президент вазири корҳои хориҷӣ Инятсио Кассисро иваз хоҳад кард.
Президент дар ин кишвар сарвари давлат ва ҳукумат ба ҳисоб намеравад. Вазифаҳои сардори дастҷамъонаи давлатро Шӯрои федералӣ иҷро менамояд. Президент ба маҷлисҳои ҳукумат роҳбарӣ мекунад, сарони давлатҳои хориҷиро, ки ба Швейтсария ташриф меоранд, қабул менамояд.