Расонаҳои афғонӣ ва ҷаҳонӣ имрӯз иддаои навбатии Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз сиёсатмадорони ҷанҷолӣ ва роҳбари Ҳизби исломии Афғонистонро нашр карданд, ки гуфтааст маргталабоне, ки мехостанд ҳафтаи гузашта ӯро нобуд кунанд, шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.
Ба навиштаи расонаҳо, ин иддаоро Гулбиддин Ҳикматёр рӯзи ҷумъа 10-уми декабр зимни намози ҷумъа дар шаҳри Кобул гуфтааст ва таъкид намудааст, ки ҳамлагарон аз Тоҷикистон будаанд.
“Таҳқиқоти ибтидоӣ нишон медиҳад, ки ҳарду террорист, тоҷикистониянд, афғон нестанд. Гурӯҳи террористӣ натавонистааст, ки касеро аз миёни афғонҳо омода кунад, ба ин навъи амалиёт. Бояд маълум шавад, ки чаро тоҷикистониянд, чаро на афғон. Байрақи сиёҳи ДОИШ аз дасти ҳамкору муҳофизи террористи интиҳорӣ ба даст омад.”, — гуфтааст ӯ.
Гулбиддин Ҳикматёр дар мавриди ин иддаояш ҳеҷ далеле барои собит кардан наовардааст ва равшан аст, ки ин боз як туҳмати навбатии ӯ мебошад. Мардуми имрӯз хуб медонанд, ки Гулбиддин Ҳикматёр, ки бо номи «Қассоби Кобул» ва “Рокетёр” ҳам маъруф аст, аз сиёсатмадорони ифротӣ ва мутаасиби афғон ба шумор меравад ва дар гузашта ҳам Тоҷикистонро барои гӯё дахолат ба кори дохилии Афғонистон борҳо огоҳ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтае пеш Ҳизби исломии Афғонистон гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи маргталабона ба қароргоҳи марказии ҳизб дар Кобул панҷ ҳамлавар, аз ҷумла ду маргталаб, кушта шудаанд ва ду муҳофизи Ҳикматёр ҷароҳат бардоштанд. Маргталабон замоне ҳамла кардаанд, ки Ҳикматёр саргарми хутбаи намози ҷумъа будааст.
Ин изҳороти охири Ҳикматёр бори дигар гирифтори таассуб будани ин шахсиятро ошкор намуд. Лақабҳои болозикрро Ҳикматёр барои он соҳиб шудааст, ки соли 1992 баъди ташкили Давлати Исломии Афғонистон ҳазорон ракетаро бар сари сокинони Кобул рехт ва шаҳрро ба харобазор табдил намуда, даҳҳо ҳазор нафаррро ба қатл расонид. Шоири овозадори забони адабиёти муштараки мо Қаҳҳори Осӣ ва даҳҳо мисли ӯ, аз ҷумлаи касонеанд, ки бар асари ракетаҳои Ҳикматёр дар Кобул кушта шуданд. Ҳарчанд, назарҳои ин фард набояд ҷиддӣ гирифта шаванд, чун намакношиносӣ, туҳмат задан ва таассубу бадбинӣ ҷузъи фарҳанги зотии ӯ маҳсуб мешавад, аммо иқтибоси расонаҳои ҷаҳон аз суханони ӯ водорамон кард, то мМуруре ба зиндагиномаи ӯ намоем.
Касоне, ки аз таҳаввулоти Афғонистонро дар зарфи 30 соли охир огоҳанд, медоданд, ки Ҳикматёр яке аз омилони фоҷеаи минтақаи мо маҳсуб мешавад ва туҳмат задан ба шахсиятҳо ба шеваи зиндагии ӯ табдил шудааст. Ӯ замоне далели нокомӣ ва бадбахтии худро дар вуҷуди Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон медид, давоми се сол ба муқобили ҳукумати Устод Раббонӣ ҷангида, пояҳои ин ҳукуматро хароб кард. Аммо вақте «Толибон»* ба саҳна омаданду минтақаҳои ӯро тасарруф намуданд, Ҳикматёр хост бо Мулло Умар байъат кунад. Аммо Мулло Умар, ки аз тинату замири Ҳикматёр огоҳ буд, ин пешниҳодро рад намуд. Он гоҳ Ҳикматёр ба назди Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд паноҳ овард. Ин ду нафар бо пешонии боз ӯро бо вуҷуди “қассоби Кобул” буданаш пешвоз гирифта, сарвазир таъйин намуданд ва вақте «Толибон»* Кобулро гирифтанд, ӯ аз Ҷаббалуссироҷ тавассути чархболҳои Масъуд ба Тоҷикистон интиқол дода шуда, аз он ҷо ба Теҳрон фиристода шуд. Аммо баробари расидан ба Эрон эълон кард, ки Масъуд мехост ўро террор кунад. Аҳмадшоҳи Масъуд ба ин туҳмати ӯ посухе надод, вале ҳама медонад, ки барои Масъуд аз миён бурдани Ҳикматёр кори осоне буд, вале ин корро накард.
Ҳамин тавр, ӯ панҷ сол нони Эронро хӯрд ва баъди ҳамлаи ИМА ба мавзеъҳои «Толибон»* дар Афғонистон аз Эрон ихроҷ шуда, эълон намуд, ки «ман дар Эрон бандии сиёсӣ будам, на паноҳанда» ва ҳар калимаи баде, ки медонист дар ҳаққи Эрону эрониҳо баён дошт.
Таваҷҷуҳ кунед, ки роҳбарияти олии Тоҷикистон, дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун оини ҳамсоядорӣ дар соли 1997 ба ӯ барои ворид шудан ба Тоҷикистон иҷозат доданд, в-агарна асири «Толибон»* ва ҳамтақдири Абдуалии Мазорӣ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии шиаёни Афғонистон мешуд. Гузашта аз ин, заминаи рафтани ӯ ба кишвари севумро фароҳам карданд. Аммо, имрӯз, ки баъди чил соли қатлу куштор ба минбари як масҷид расидааст, ба ҷойи сипосу шукргузорӣ аз касоне, ки дар рӯзҳои сахт дастгири худ ва мардумаш буданд, носипосӣ ва курнамакӣ мекунад. Саъдии бузургвор дуруст гуфтааст, ки “неши ақраб на аз баҳри кин аст, муқтазои табиаташ ин аст”. Ӯ акнун барои тавҷеҳи нокомии худ бояд шахсияти дигареро мавриди ҳадаф қарор диҳад. Аз ин рӯ, чашм ба кишвари мо ало кардааст.
Тавре гуфта шуд, аксари бошандагони Кобул, ки бар масҷиди марказии он Ҳикматёр такя зада, амри маъруф гўш мекунад, аз ӯ хотираи хубе ба ёдгор надоранд ва ҳамлаҳои рокетии ӯро ба ин шаҳр далели хонавайронӣ ва оворагии сокинони Кобул медонанд. Зоҳири Танин, сардабири маҷаллаи «Инқилоби савр», дар замони режими Муҳаммад Наҷибулло ва Намояндаи доимии Афғонистон дар СММ дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай (2001-2014) дар китоби худ таҳти номи «Афғонистон дар қарни ХХ» навишта буд, ки “Ҳикматёр аз 19 августи соли 1992 ба ракетборони Кобул оғоз кард, ки ба шиддат бештар аз як моҳ идома дошт ва дар натиҷаи он 65 000 (шасту панҷ ҳазор нафар) кушта ва ҳудуди 500 000 нафар ин шаҳрро тарк карданд. Ҳамчунин, дар охири соли 1993 Гулбиддин Ҳикматёр бо дигар ҳаммаслаконаш Шӯрои ҳамоҳангии инқилоби исломиро таъсис доданд ва рӯзи 1 январи соли 1994 аз замину ҳаво Кобулро мавриди ҳамла қарор доданд. Ҳикматёр аз самти ҷанубу шарқ Кобулро ракетаборон мекард, ки дар натиҷа то моҳи июни соли 1994 беш аз 20 ҳазор нафар дар асари ин ҳамлаҳо кушта ва 200 000 бехонумон шуданд».
Аммо, ба назари дигар таҳлилгарон, Кобул аввалин ва танҳо шаҳре набуд, ки Ҳикматёр орзуи тасарруфи онро карда бошад, вале ин орзуяш ҳаргиз амалӣ нашуд, балки боиси хунрезӣ ва қатли мардум гашту халос. Ӯ қабл аз Кобул, ҳанӯз дар замони ҳукумати доктор Наҷибулло шаҳри Ҷалолободро хост тасарруф кунад ва шаш моҳ ин шаҳрро дар муҳосира нигоҳ дошт ва пайваста мавриди ҳамла қарор дод, ки дар натиҷа ҳазорон нафар кушта, даҳҳо ҳазор ҳам бехонаву ҷой ва муҳоҷир шуданд. Аммо, бояд гуфт, ки неруҳои ҳукуматӣ бо фармондеҳии генерал Осифи Диловар тавонистанд шаш моҳ шаҳри муҳосирашударо ҳифз кунанд ва билохира ҳамлаи Ҳикматёрро рафъ намоянд.
Дар соли 1992, вақте ки муҷоҳиддин ба қудрат расиданд, Осифи Диловари боқимонда аз режими қаблӣ, ҳамчун мутахассиси умури низомӣ аз ҷониби Бурҳониддини Раббонӣ ба ҳайси муовини вазири дифоъ тайин шуд. Як баҳонаи Ҳикматёр барои ҳамла ба Кобул ва напазируфтани ҳукумати Бурҳониддини Раббонӣ ҳузури ба гуфтаи ӯ «бақоёи ҳукумати коммунистии Наҷиб» ва хоса Дустум ва Осифи Диловар буд. Ӯ онҳоро ба таъбири худаш «мулҳид» ва «хориҷ аз дин» медонист ва ба баҳонаи ҳузури ин ду нафар дар Кобул ин шаҳрро ба хароба табдил дод. Аммо дере нагузашт, ки Ҳикматёри ташнаи қудрат бо Дўстум муттаҳид шуд ва кўшиш намуд, ки давлати Устод Раббониро сарнагун намояд.
Тавре ки аз дебочаи таърих дидем, Ҳикматёр барои расидан ба қудрати сиёсӣ, ки ҳаргиз ба ӯ муяссар нашуд, ҳамеша аз хушунат ва террор кор гирифтааст. Дар ин замина, Фаромуз Оҳанг, дар мақолаи худ бо номи «Ҳикматёр ва хаёли ботили иқтидор» навиштааст, ки “Ҳикматёр ҳамеша дар муқобили мухолифони худ ва ҳамразмонаш, ки сари ихтилоф бо ӯ дар масъалаи кӯчаке доштанд, аз ҳарбаи куштор истифода кардааст”.
Ҳатто дар соли 2016 вақте ҳукумати Ашраф Ғанӣ мехост бо Ҳикматёр Созишномаи сулҳ имзо кунад, Сибғатулло Муҷаддадӣ, аввалин роҳбари Ҳукумати муҷоҳиддини Афғонистон дар соли 1992 ва баъдан раиси Сенати Афғонистон (2005-2014) дар баёнияе мухолифати худ бо тавофуқномаи ҳукумат бо Ҳикматёрро эълон кард. Муҷаддадӣ дар баёнияи худ гуфта буд: «Ҳикматёр агарчанд дар мубориза бо таҷовузи Шӯравӣ саҳм дорад, аммо дар тули ҷиҳод ва баъди он муртакиби ҷиноят ва хиёнатҳои зиёде шуд, ки боиси вайронии Афғонистон гаштааст».
Ҳикматёр дар солҳои 60—ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта аз фаъолони созмони «Ҷавонони мусалмон»-и Афғонистон буд. Ин ҷунбиш дар ҳавои исломхоҳии сиёсии гурўҳҳои мусалмон дар Шарқи Миёна, хоса Ихвонулмуслимин ба вуҷуд омада буд. Ин созмон аз устодон ва донишҷӯёни исломгарои донишгоҳҳои Кобул иборат буд. Гулбиддин Ҳикматёр аз ҳамон солҳои донишҷўиаш як ифротии тайёр буд. Маҳз ў дар Донишгоҳи Кобул ва Институти политехникии Кобул таҷрибаи ба рўи духтарони донишҷў пош додани тезоб (кислота)-ро барои надоштани ҳиҷоб оғоз кард. Дар солҳои охири 60-ум ў ба ҷурми куштани донишҷўе бо номи Саидоли Сухандон, аз пайравони ҷараёни “Шуълаи ҷовид” ҳангоми тазоҳуроти донишҷўёни аҳзоби гуногун дар Кобул аз озодӣ маҳкум гашт ва баъд аз табадуллоти давлатии соли 1973 аз зиндон озод ва ба Покистон фирорӣ шуд.
“Ҷавонони мусулмон” дар соли 1973 ба Ҷамъияти исломии Афғонистон табдили ном кард. Ва Бурҳониддини Раббонӣ нахустин амири ин созмон интихоб шуд. Чанд рӯз баъди он режими шоҳӣ дар Афғонистон тавассути Муҳаммад Довудхон сарнагун ва ин кишвар ба низоми идораи ҷумҳурӣ табдил шуд. Бурҳониддини Раббонӣ ба аъзои Ҷамъият дастур дода буд, ки аз ихтилоф ва рӯёрӯ бо режими нав худдорӣ кунанд, вале ҷавонони Ҷамъият хостори амалкардҳои радикалӣ буданд. Яке аз роҳбарони ин ҷавонон Гулбиддини Ҳикматёр буд, ки аз зиндон ўро Муҳаммад Довуд озод карда буд. Бо ҳидояти Ҳикматёр ин ҷавонони бетаҷриба дар чандин шаҳри Афғонистон қиём карданд, аммо ба зудӣ давлат онҳоро фуру нишонд ва садҳо нафар роҳии зиндон ва ё кушта шуданд.
Баъди оғози даргириҳои мусаллаҳона дар соли 1979 қатлу куштор анвои мухталифе пайдо намуд ва Ҳикматёр, ки дорои танку ракета буд, дигар барои куштани духтарону писарони рушанфикр ба чоқу ва тезоб ниёз надошт. Акнун бо калашников ва ракета инсонҳоро ҳадаф қарор медод. Шинохташудатарин қатл тавассути Ҳикматёр, ки ҷаҳониёнро дар ҳолати шок қарор дод, қатли Мирвайси Ҷалил, хабарнигори «BBС», дар шарқи Кобул дар соли 1994 буд. Ӯ дар рӯзи равшан дар маҳаллаи Чоросиёб, 25 километрии Кобул баъди суолу ҷавоби сахт бо Ҳикматёр аз ҷониби афроди ӯ тирборон шуд.
Бояд гуфт, ки агарчи Ҳикматёр ҳоло талош дорад, ки худро ба истилоҳ “момаи меҳрубонтар аз модар”-и «Толибон»* нишон диҳад, аммо ҳарчанд Мулло Умар мурдааст, вале писари хунии ӯ Мулло Яъқуб зинда ва роҳбари дувуми ташкилоти «Толибон»* аст ва фаромӯш накардааст, ки байъат бо ӯ аз ҷониби падараш рад шуда буд.
Ҳамин тавр, Ҳикматёр ҳамчун сиёсатмадори ноком ва шикастхӯрда ба зуболадони таърих андохта хоҳад шуд ва сараҷном подоши 41 соли қатлу кушторе, ки анҷом дод, имохатибии масҷиди Кобул аст ва ҳоло гоҳ худро мавриди ҳадаф қарор додаву гоҳ мавриди ҳамло таваҷҷуҳи оламиёнро ба худаш гардониданист. Вале, бояд донист, ки ин тираш низ хок хоҳад хӯрд.