Рӯзи 23 октябри соли 2022 дар Қирғизистон дар чорчӯби парвандаи ташкили бетартибиҳои оммавӣ ба зидди ба Ӯзбекистон додани обанбори Кампиробод 20 нафар роҳбарону фаъолон ва собиқ мансабдорони баландпояро ба ҳабс гирифтанд.
Тавре ки қаблан иттилоъ додем, дар миёни мансабдорони собиқ 17 нафари шинохта, аз ҷумла вакилони собиқи парлумон Равшан Жээнбеков ва Асия Сасиқбоева, судяи Суди конститутсионӣ Клара Сооронқулова, узви Комиссияи марказии интихобот Гулнора Ҷӯрабоева, Прокурори генералӣ Азимбек Бекназаров ва вазири корҳои дохилии кишвар низ ҳастанд.
Чанд лаҳза қабл раиси собиқи парлумони ин кишвар Қанатбек Исоев низ барои як моҳ дар боздоштгоҳи КДАМ ҶҚ ба ҳабс гирифта шуд. Намояндаи Суди ноҳияи 1 майи шаҳри Бишкек ба хабаргузории «Интерфакс» гуфтааст, ки “бо қарори Суди ноҳияи 1 май Қанатбек Исоев то 23 ноябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд”.
Манбаъ хабар додааст, ки Қанатбек Исоев давоми рӯзи 23 октябр барои бозпурсӣ ба КДАМ даъват шуда буд ва ба болои парвандааш муҳри махфӣ зада шудааст.
ВКД Қирғизистон дар шарҳи парвандаҳои собиқ мансабдорон гуфтааст, ки аз рӯи онҳо бар асоси моддаи 36-278 бо иттиҳоми тайёрӣ ба бетартибиҳои оммавӣ бо кӯшиши минбаъдаи ғасби ҳукумат парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. ВКД ҶҚ ҳамчунин хабар додааст, ки “дар рафти тафтиш далелҳое ба даст омад, ки афроди алоҳида ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби ғайриқонунии ҳукумат омодагӣ мегирифтанд”.