Гуштингири тоҷик Муҳаммадамин Абдуллоев дар мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” миёни наврасони то 17-сола сазовори медали тилло шуд. Мусобиқа 6 декабр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон шуруъ шуда, то 19 декабр идома меёбад.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, Муҳаммадамин дар вазни -80кг-и гуштини тарзи озод бар ҳамаи ҳарифон ғолиб омада, дар финал варзишгари Қазоқистон Илёс Аманжолро шикаст дод.
Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони Озарбойҷон, намояндагони Қазоқистон, Тоҷикистон, Фаронса, Британияи Кабир ва Исроил ширкат доранд.