19 декабр ҷаласаи навбатии XXVIII Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Шӯрои иттилоотии ИДМ) дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Иштирокчиёни он масъалаҳои ҳамкории эҷодӣ дар соли 2023-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», ҷаласа таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокчии ИДМ, Директори кули ТАСС Сергей Михайлов сурат гирифт.
Дар он роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии «Азертадж» (Озарбойҷон), «Арменпресс» (Арманистон), «БелТА» (Беларус), «Казинформ» (Қазоқистон), «Кабар» (Қирғизистон), ТАСС (Русия), «Ховар» (Тоҷикистон) ва «УзА» (Узбекистон) иштирок намуда, роҷеъ ба ҳамоҳангсозии фаъолияти иттилоотӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо мақсади рушди ҳамкорӣ миёни давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи иттилоот изҳори назар намуданд.
Зимни суханронии худ Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ дар бораи тадбирҳое, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати рушду тавсеаи забони русӣ ба муносибати дар қаламрави ИДМ Соли забони русӣ эълон гардидани соли 2023 андешида мешаванд, ёдовар шуда, ба ширкаткунандагон оид ба пазируфта шудани пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо маълумот дод.
Директори АМИТ «Ховар» аз роҳбарони агентиҳои давлатии итиилоотии ИДМ даъват намуд, ки дар пӯшиши иттилоотии ин ва дигар иқдомҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд.