Ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани ҳамкориҳои дуҷониба миёни сохторҳои мухталифи Тоҷикистон ва Беларус дар соли 2022 як қатор созишномаҳо ба имзо расида буданд. Аз ҷумла, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода дар ин замина бо ректорони якчанд донишгоҳҳои кишвари Белорус шартномаҳои ҳамкории мутақобила ба имзо расониданд.
Бино ба иттилои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддини Айнӣ, лоиҳаи мазкур барои мубодилаи академии мутахассисон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва илмӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои амиқтар кардани донишҳои назариявӣ ва амалӣ мусоидат мекунад.
Дар доираи ҳамкориҳои судманд баҳри баланд бардоштани салоҳияти касбӣ рӯзҳои 12 – 24 декабри соли 2022 як қатор омӯзгорони донишгоҳи омӯзгорӣ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Брест ба номи А.С.Пушкин таҷрибаомӯзӣ доранд. Онҳо, инчунин малакаи кории хешро ба ҳамкорони белорусӣ нишон медиҳанд.