22 декабр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо аҳамияти муносибатҳои байнипарламентиро, ки тибқи анъана дӯстона буда, дар рӯҳияи шарикии стратегии ду кишвар густариш меёбанд, зикр карданд.
Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистон ва Россияро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ мавриди муҳокима қарор доданд.