Сара Ошағи, директори маркетинги байналмилалӣ ва рушди бизнеси Донишгоҳи Ситии Малайзия ва Датин Путери Ҷулиана бинти Абдул Азиз, директори Институти меҳмондорӣ ва сайёҳӣ, ҳамзамон директори ташкилоти Вател дар Малайзия ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд. Пас аз боздид ва шиносоӣ аз пойгоҳи омодасозии кадрҳо дар Донишгоҳ меҳмонон бо ректори муассиса профессор Асрорзода Убайдулло Саттор мулоқот анҷом доданд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масоили амалисозии барномаҳои муштараки таҳсилотӣ, таъсиси факултети муштарак, ташкили табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки шурӯъ аз оғози соли таҳсили 2022-2023 табодули академии як гурӯҳ донишҷӯён ва такмили ихтисоси панҷ нафар омӯзгор дар марҳилаи аввал дар Донишгоҳи Ситии Малайзия ба роҳ монда шавад.
Дар навбати хеш меҳмонон аз рӯи натиҷаи боздид ҳавасмандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани табодули академии донишҷӯёни Донишгоҳи Ситии Малайзия ба ДБССТ, баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмӣ, нашри китобҳои дарсӣ дар ҳаммуаллифӣ ва амсоли инҳо иброз намуданд.