Бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва садорати факултети забонҳои романӣ-германии донишгоҳи мазкур бахшида ба 30 – солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса таҳти унвони “Рушди забони давлатӣ дар партави гуфтугӯи фарҳангҳо” конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия як қатор муҳаққиқон аз кившарҳои хориҷӣ, аз қабили Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Росия ширкат намуданд.