
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 6 созишномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии кишварҳои хориҷа ба имзо расонида, айни замон шумораи умумии онҳо ба 157 адад мерасад. Ин нуктаро Сатторзода Бобоҷон Абдуҷабор, ректори донишгоҳи мазкур зимни нишасти хабарӣ иброз намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 22 нафар устодони донишгоҳ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла форумҳо, семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисос иштирок намуданд.
Дар ин давра 12 нафар донишҷӯ дар доираи Барномаи мубодилаи донишҷӯён ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Беларус ва Қазоқистон барои таҳсил намудан сафарбар карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи шартномаи ҳамкорӣ дар донишгоҳ курси омӯзиши забони хитоӣ ба роҳ монда шуда, дар курси мазкур 50 донишҷӯ ба омӯзиши забони хитоӣ ҷалб гардиданд.
Таъкид гардид, ки айни замон 347 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия дар донишгоҳ таҳсил менамоянд.
Дилнозаи Абдумалик,
радиои «Овози тоҷик»