
То нимсолаи аввали соли ҷорӣ, тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023 – 2027, дар маҷмуъ 41205 нафар шаҳрванди бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷойҳои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин гардидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 305 нафар ё 0,7 фоиз зиёд мебошад. Ба иттилоъи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Точикистон дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ 9179 нафар дар марказҳои таълимӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд ва ба 9550 нафар кӯмакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт гардид. Холмаҳмадзода Солеҳа вазири ин ниҳод изҳор дошт, ки дар се моҳаи аввали соли равон 42812 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқарор шуда таъсис дода шудааст. Дар ин давра бо мақсади густариши равобит дар самти бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо 15 давлат 37 шартнома ба имзо расид, ки 13 адад ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ равона карда шудааст.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Намояндагии вазорат дар Федератсияи Русия ба 27 нафар муҳоҷири меҳнатии эҳтиёҷманд дар Федератсияи Русия 1,2 млн рубл кӯмакҳои моддӣ раснидааст. Ҳамчунин 15, 3 млн рубл музди меҳнати пардохт нашудани муҳоҷирон дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Федератсияи Русия аз ҷониби корфармоён ва шахсони воқеӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ баргардонида шудааст.
Шарифиён Абдурофеъ, Овози тоҷик