
30 июли соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси минтақаии “Таҳкими ҳамоҳангии миллӣ ва байнулмилалӣ дар муқовимат бо тиҷорати одамон” оғоз шуд. Дар ин конфронс намояндагони бахши ҳуқуқи кишварҳои Қирғизистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар низ ҳузур ёфтанд.
Ин конфронс бо суханронии Карим Солиев, мушовири вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Карим Солиев дар ибтидо «муқовимат Тоҷикистон бо тиҷорати одамон ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз он»-ро изҳор дошт. Бино ба гуфтаи ӯ, «Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси эҳтиром бар мабонии ҳуқуқи башар ва таъйиди Қатъномаи Бухоро-2021 дар робита ба тиҷорати одамон саъй мекунад дар ин раванд фаъол бошад».
Дар ин конфронс мавзӯъҳои муқовимат бо тиҷорати одамон, иҷрои қатъномаи Бухоро 2021 дар заминаи тиҷорати одамон ва дастгирии байналмилалӣ дар роҳи муқовимат бо тиҷорати одамон дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ин конфронс то фардо, 31 июл идома хоҳад дошт.