Бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон романи “Фирдавсӣ”-и Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Сотим Улуғзода аз чоп баромад. Романи мазкур ба мактбҳои тоҷикӣ ва китобхонаҳои кишвари ҳамсоя ройгон тақсим карда мешавад. Аз ин пеш чор китоби дигари адибони тоҷик тавассути Маркази тоҷикон интишор гардида буд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон хабар медиҳад.
Дар идомаи ин иқдоми неку шоиста бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон маҷмуаи мақолаҳои «Пайроҳаи илм” оид ба зиндагӣ ва осори илмии академик Абдулғанӣ Мирзоев аз нашр баромад. Дар ин маҷмуа мақолаҳои муҳаққиқони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷойгир шудааст. Аз ҷумла мақолаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон академик А. Раҳмонзода ба сифати пешгуфтор чоп гардидааст.
Ҳамзамон вобаста ба ёдбуди ин шарқшиноси барҷаста дар ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё махфили илмиву оммавӣ баргузор гардида буд. Чунин иқдомҳои шоиста дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек нақши арзанда мебозад.