
Бино ба иттилои нашрияҳои Италия, дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ситораи футбол Месси дар мавриди шартномаи ҳамкорӣ пешниҳод ирсол намуда, таъкид кардааст, ки омода аст ба ситора аз маоши Роналду зиёдтар маблағ ҷудо намояд.
Мувофиқи иттилоъ, тарафҳо оид ба шартнома аллакай созиш кардаанд ва агар Лео шартномаашро бо «ПСЖ» дароз накунад, тобистон агенти озод мешавад.
Бояд гуфт, ки дар Арабистони Саудӣ «Ал-Ҳилол» рақиби асосии «Ал-Наср» аст ва баъди пазируфтани пешниҳод Меси дар муқобили Роналду бозӣ мекунад, зеро сар аз 1-уми январ Криштиану Роналду расман бозигари дастаи «Ал-Наср» шуд.
Ин футболбози португалии 37-сола дар Арабистон имкон дорад дар 2 мавсим якбора 500 миллион евро кор кунад. То гузариш ба ин тими арабӣ Роналду мунтазири пешниҳоди бошгоҳҳои беҳтарини Аврупо буд, аммо онҳо ба ӯ таваҷҷӯҳ накарданд. Бинобар ин Роналду пешниҳоди «Ал-Наср»-ро пазируфт ва дирӯз ба Саудӣ омада, расман муаррифӣ шуд.
Варзишгар қабл аз оғози Чемпионати Ҷаҳони футбол бо розигии ҷонибҳо шартномаашро бо дастаи “Манчестер Юнайтед” бекор карда буд.