
Соли 2022 дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 30 адад техникаҳои зарурӣ харидорӣ гардидааст. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд иттилоъ дода шуд.
Техникаҳои замонавӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ба мусофирон харидорӣ гардида, шумораи техникаҳои парки мошинҳои фурудгоҳ ба 130 адад расид. Тибқи иттилои масъулини фурудгоҳ 3 адад автобус, 4 адад зинаҳои махсус (трап), 2 адад лентаҳои муосир, 2 таҷҳизоти барқӣ барои муҳаррик, 8 адад мошин, 4 таҷҳизот барои бо об таъмин намудани ҳавопаймо ва ғайраҳо харидорӣ шудааст, ҳамаи техникаву таҷҳизот навтарин маҳсуб меёбад.
Раиси вилоят аснои шиносоӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва дар оянда низ дастрас намудани техникаву таҷҳизоти муосир ба масъулин тавсияҳо дод.
Сипас, роҳбари вилоят собиқадорони меҳнат Каромат Икромова ва Рақиб Умаровро, ки солҳои зиёд дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд кор кардаанд, аёдат карда, ба онҳо туҳфаҳои моддӣ расонид.Ҳамчунин, раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаҳои Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд шинос гардид.
Кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ панҷ гармхона ташкил карда, дар онҳо парвариши бодарингу помидор, лимон ва гулҳои ороиширо ба роҳ мондаанд.
Ба иттилои масъулин моҳи сентябри соли гузашта тухмии помидору бодарингро кишт намудаанд ва ҳоло маҳсулот ба бозорҳо бароварда шудааст. Ҳамасола дар ин гармхонаҳо то 20 тонна маҳсулот истеҳсол гардида, баробари таъмини кормандони фурудгоҳ бо маҳсулоти тару тоза як қисми изофии маҳсулот ба фурӯш бароварда мешавад.
Дар гармхонаҳои дигар гулҳои мавсимӣ парвариш ёфта, ҳоло 300 ҳазор бех гулҳои гуногун нигоҳубин карда шуда, дар ободонии ҳудуди фурудгоҳ истифода мегардад. Давоми соли 2022 дар гармхонаҳо то 1,5 миллион дона гулҳои ороишӣ парвариш карда шудааст, ки барои ободонӣ ва сабзу хуррамнамоии ҳудуди фурудгоҳ истифода гардидааст.
Раиси вилоят ба фаъолияти гармхонаҳо баҳои баланд дода, ташкили гармхонаҳоро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард. Таъкид карда шуд, ки фаъолияти доимии гармхонаҳо барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза мусоидат менамояд.