
Субҳи имрӯз мақомоти исроилӣ роҳбари зиндониёни фаластинӣ Карим Юнусро пас аз 40 соли зиндон раҳо карданд. Ӯ куҳансолтарин маҳбуси сиёсии ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Раҳоии маҳбуси фаластинӣ ба гунае сурат гирифт, ки таҳқирро дар бар мегирифт, зеро нерӯҳои исроилӣ ӯро дар хиёбон ва дар назди истгоҳи автобус гузоштанд, то раҳгузарон ҳуввияти ӯ ва дар тамос бо хонаводааш бигиранд.
Бино ба иттилоъи Идораи зиндониёни Фаластин, нерӯҳои исроилӣ 6 январи соли 1983 маҳбус Карим Юнисро боздошт ва ӯро ба ҳабси абад маҳкум карданд, ки баъдан ба 40 сол муқаррар шуд.
Дар соли 2013 дар 30-умин солгарди боздошти Юнус падараш натавонистааст бо ӯ хайрухуш кунад ва модараш бо вуҷуди беморӣ ва пирӣ ба дидори ӯ идома дод, то чанд моҳ пеш аз озодӣ, яъне рӯзи 5-уми май соли 2022 даргузашт.