Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати Бонки Исломии Рушд бо роҳбарии Эмре Эсер масъалаи таҷдиду сохтмони роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла таҷдид ва барқарорсозии роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ баррасӣ намуданд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зикр шуд, ки роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ як ҷузъи шоҳроҳи байналмилалӣ буда, барои баромадан ба роҳҳои кишварҳои хориҷӣ шароити хуб фароҳам меоварад.
«Роҳи автомобилгарди мазкур аҳамияти калони иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои рушди мусофиркашонию боркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ, рушди сайёҳӣ, паст намудани нархи молу маҳсулот ва хизматрасониҳои нақлиётӣ мусоидат менамояд»,- гуфт Завқӣ Завқизода.
Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои маблағгузорӣ ба дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ низ баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.