Дар назар аст, ки имсол Давлати Кувайт сафораташро дар Душанбе ифтитоҳ кунад. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба рӯзномаи кувайтии “Ал-Анба” хабар медиҳад.
Сафири тоҷик, изҳори умедворӣ кардааст, ки сафари қарибулвуқӯъи Шайх Салим Ал-Абдуллоҳ, вазири корҳои хориҷи ин кишвар ба Тоҷикистон бо ифтитоҳи сафорати Кувайт дар пойтахт (Душанбе) анҷом ёбад. “Ба зудӣ бо ҷониби Кувайт барои бекор кардани раводиди вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Кувайт музокирот анҷом хоҳад дод. Номбурда кайд намудааст, ки Тоҷикистон низ барои кувайтҳо раводиди вурудӣ ҷорӣ намекунад.
Зубйдов дар як баёнияи матбуотие, ки дар ҳошияи истиқболи як ҳайати рӯзноманигорон, блогнависон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ахиран ба муносибати ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мустақим миёни ду кишвар дар охири моҳи декабри соли гузашта аз кишвараш дидан карда буд, гуфт: “Дар мулоқоти ахири худ бо вазири корҳои хориҷӣ, Шайх Салим Ал-Абдуллоҳ, ки ӯро «хуб» унвон карда буд ҳарду ҷониб барои густариши робитаҳои худ дар ҳама бахшҳо таъкид карданд.
Вай афзуд: Мо дар ин сол талош дорем, ки сафари вазири корҳои хориҷии Кувайт ба Тоҷикистон ба хотири анҷоми машваратҳои сиёсӣ бо Вазорати корҳои хориҷии кишварамон ва ҳамчунин густариши табодули сафарҳои сатҳи баланд аз ҳарду ҷониб анҷом ёбад ва умедворем, ки сафари Абдуллоҳ ба Тоҷикистон бо ифтитоҳи сафорати Кувайт дар пойтахти Тоҷикистон анҷом хоҳад ёфт.Ин ҳамкориҳои ду кишварамонро, бахусус пас аз 10 сол аз ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон дар Кувайт, таҳкиму густариш мебахшад.
Вай аз кувайтҳо даъват кард, Тоҷикистонро ҳамчун як макони нави сайёҳӣ кашф кунанд, ки дар он тамоми унсурҳои сайёҳии оилавӣ, тиббӣ ва варзиши лижаронӣ ва барф дар кӯҳҳои баланд дастрас аст. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ҷараёни вуруди сайёҳон миёни ду кишвар дар соли 2023 дучанд хоҳад шуд ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, технологӣ, илмӣ ва фарҳангии ду кишвар таҳким хоҳанд ёфт.