Дирӯз Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, Хусрав Соҳибзода бо доктор Алӣ ибн Самих Ал-Маррӣ, вазири меҳнати Давлати Қатар мулоқот намуд.
Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба ҳисоби корбарии доктор Алӣ ибн Самих Ал-Маррӣ дар твиттер хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун, бахусус дар бахши меҳнатро баррасӣ карданд.