Дар Ӯзбекистон пажӯҳиши боарзиши шодравон Натан Муродович Маллаев дар шакли китоб бо номи “Абулқосим Фирдавсӣ” бо забони ӯзбекӣ аз чоп баромад. Ташаббускори он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.
Тавре ки радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон хабар медиҳад, рисолаи мазкур аз муқаддима шаш боб ва хулоса иборат буда, дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Абдулқосим Фирдавсии Тусӣ, инчунин саҳми ин нобиғаи Шарқ дар рушди адабиёти ҷаҳонӣ нақл мекунад.
Дар китоб, ҳамчунин, мақолаи сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба сифати пешгуфтор бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ чоп гардидааст.
“Пажӯҳиши мазкур барои донишҷӯён, омӯзгорони забон ва адабиёт, ихлосмандони каломи бадеъ ва мухлисони Абулқосими Фирдавсӣ тавсия дода мешавад. Китоб дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷик ва ӯзбек низ нақши муҳим мебозад”,- гуфта шудааст дар хабар.