11 январи соли 2023 сӯҳбати телефонӣ миёни вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов ва сурат гирифт. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ дод.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Бахтиёр Саидовро ба муносибати ба вазифаи баланди масъулиятнок таъин шуданаш табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти касбӣ муваффақият таманно намуд.
Зимни суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин, доир ба рафти иҷрои аҳду паймони роҳбарони кишварҳои ҳар ду мамлакат мубодилаи афкор доир шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои идомаи муколамаи фаъоли сиёсӣ дар шакли дуҷониба ва дастгирии мутақобила дар чаҳорчӯби ниҳодҳои байналмилалӣ таъкид кард. Инчунин, ҷадвал ва ҷанбаҳои гуногуни чорабиниҳои ба нақша гирифташуда дар сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.
Гуфтугӯи телефонии вазирони корҳои хориҷӣ дар фазои дӯстона сурат гирифт.