
Роҳбари намояндагӣ Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот намуд, хабар медиҳад Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карда, ҷиҳати мустаҳкамсозии равобити ду намояндагӣ омодагӣ иброз намуданд.