
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 — уми декабри соли 2022 номи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода расман ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иваз карда шуд. Дар ин бора Доро Суҳробӣ, сухангӯи ин муассисаи таълимӣ ба радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Ба зикри мавсуф, бо пешниҳоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 сентябри соли равон зимни ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи давлатии забонҳо муассиса ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шуд.
«Пешвои миллат таъкид карданд, ки бо дарназардошти шароити муҳайёгардида ва бо мақсади рушду инкишофи боз ҳам бештари фаъолияти илмиву таълимии муассиса пешниҳод мегардад, ки номи донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад», — гуфт мавсуф.