
18-26 январ дар шаҳри Бангкоки Тайланд Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола баргузор мешавад. Дар мусобиқа 243 варзишгар аз 21 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он 7 нафар варзишгар муаррифӣ мекунанд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муштзанҳои тоҷик дар ин мусобиқаи байналмилалӣ таҳти роҳбарии мураббиён Маҳмадҷон Сулаймонов, Хуршед Абдуллоев ширкат меварзанд. Доварони тоҷик Акмалҷон Абдуллоев ва Меҳроҷ Умаров муҳорибаҳои чемпионатро ҳакамӣ хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки ин дуюмин нашри Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола буда, нашри аввалини он моҳаи январи соли гузашта дар Тошканди Узбекистон баргузор шуда буд. Варзишгарони мо 11 медал, аз ҷумла 1 тилло ба даст оварда буданд.