Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гармхонаи наву муосир бунёд мегардад. Ин иқдом дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, аз ҷониби соҳибкорон бо ҷалби мутахассисон аз кишвари Кореяи Ҷанубӣ сохта мешавад. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гармхонаи замонавӣ барои парвариши помидору бодиринг пешбинӣ гардида, бо харҷи 1 миллион доллари ИМА сохта шуда истодааст. Ҳоло дар он ба таври таҷрибавӣ парвариши кӯчату тухмии помидору бодиринг ба роҳ монда шудааст.
Роҳбари вилоят бо ҷараёни бунёди гармхона шинос шуда, бунёди онро барои рушди бештари соҳаи кишоварзӣ, таъмин намудани бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идомаи боздид Раҷаббой Аҳмадзода бо нақшаи таъминоти оби полезии минтақаи Рухак шинос шуда, барои идомаи корҳои обёрӣ, харидории агрегатҳои нав ва гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои ин мавзеъ ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини идораҳои вилоятӣ дастуру супоришҳо дод.