Дар Истанбул мизи мудаввари тиҷоратии Тоҷикистону Туркия доир шуд. Дар он беш аз 50 ширкати самоягузориву тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ба ҳам омаданд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад, нишасти корӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара дар ҳамкорӣ бо Шӯрои робитаҳои иқтисоди хориҷии Турия (DEIK) баргузор гардид.
Зимни ҷаласаи ба намояндагони беш аз 50 ширкатҳои тоҷикию туркӣ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Ҳамзамон, байни соҳибкорони ду кишвар вохуриҳои В2В ва мубоҳисаҳои доманадор сурат гирифт.