25 январ дар шаҳри Остона вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо муовини якуми Раиси ҶСК «Ширкати миллии Қазоқистон Темир Жоли» Канат Алмаганбетов баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба боркашонӣ ва ҳамлу нақл байни ду мамлакатро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 24 январ Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо Вазири энергетикаи ин мамлакат Болат Акчулаков мулоқот намуд.
Зимни мулоқот сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду ҷумҳурӣ дар бахши обу энергетика, воридоти нафту газ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.