Дар вақти роҳпаймоии сиёсӣ дар шаҳри Гуҷранвалаи Покистон як марди мусаллаҳ ба сӯи Имрон Хон — нахуствазири собиқи ин кишвар тир холӣ кард ва пойи ӯро захмӣ намуд.
Бино ба гузориши шабакаи телевизионии Ҳиндустон NDTV, дар сӯиқасд ба Имрон Хон як нафар кушта ва 13 тани дигар захмӣ шуданд. Ба иттилои манбаъ, Хон бо захм дар пои росташ ба бемористони Лоҳур интиқол ёфт.
Тибқи ин маълумот, табибон бар ин боваранд, ки ҳаёти сиёсатмадор дар хатар нест. Сенатор Файсал Ҷавид ва раҳбари бахши Таҳрики Инсоф (Ҷунбиши адолат) дар Панҷоб Аҳмад Чатта низ маҷрӯҳ шуданд.