Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” Лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма таъсис ёфт. Дар маросими ифтитоҳи он вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, муовини вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр Муртазо, роҳбарият ва устодону кормандони донишкада иштирок доштанд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар меҳвари фаъолияи лаборатория коркард, ҷамъоварӣ ва таҳияи маводи илмӣ оид ба соҳаҳои фарҳанг ва васоити ахбори омма дар сатҳи муосири илмию техникӣ; омӯзиш, таҳлил ва пешниҳоди хулоса оид ба падидаҳои фарҳанг, васоити ахбори омма ва масоили ҷаҳонишавӣ дар асоси методҳои илман асоснокшуда қарор хоҳад гирифт. Инчунин дар он коркард ва таҳияи лоиҳаву барномаҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ҷамъиятӣ ё иштирок дар онҳо ҳамчун узви мустақил ба роҳ монда мешаванд.
Зикр шуд, ки таъсиси марказҳои таҳқиқоти сотсиологӣ дар самти фарҳанг ҷиҳати омӯзиш ва таблиғи арзишҳои фарҳангӣ, таҳкими маънавиёти ҷомеа муҳим ва саривақтӣ буда, Ҳукумати кишвар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт корҳои зиёди судмандеро ба сомон расонидааст.