
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз бо 93 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории судманд дорад. Ин нуктаро имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори муассисаи мазкур зимни нишасти матбуотӣ баён кард. Дар ин бора Зулфия Сафарова, мухбири радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки донишгоҳ ба ғайр аз ин, имрӯз бо Маркази Конфутсий, сафоратхонаҳои кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Федератсияи Россия, ИМА, Маркази фарҳангии «Россотрудничество» робитаи қавӣ дорад.
Зикр гардид, ки соли гузашта роҳбарияти донишгоҳ бо 16 муассисаҳои таҳсилоти олӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.