Дар соли 2022 интиқоли байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ рушд карда, боркашонӣ нисбат ба соли 2021 мутаносибан ҳаҷми бор 23,8 %, гардиши бор 22,3%, мусофирбарӣ ва гардиши мусофирон қариб 4 маротиба зиёд гардидаанд, — гуфт вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ.
Барои интиқоли байналмилалӣ 56 ҳазору 380 адад рухсатнома аз 19 кишвари хориҷӣ дастрас гардида, 57 ҳазору 115 адад ба ин давлатҳо ирсол карда шуд, ки ин нисбат ба соли 2021 34% зиёд мебошанд.
18- 19- уми октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии соҳаи логистика ва афзалиятҳои он баргузор гардид, ки дар доираи мулоқоти дуҷонибаи вазири нақлиёти кишвар бо ҳайъатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Туркманистон, вохурии сеҷониба бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии исломии Эрон, инчунин бо Котиби масъули Маркази байналмилалӣ оид ба дипломатияи нақлиётӣ доир шуда, аз истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб ва баъдан дар ҶСП «Тоҷиквнештранс» бори аввал ба таври пилотӣ истифодаи амалии Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ оғоз гардид.
Имкониятҳои транзитии Тоҷикистон ва самаранокии истифодаи долони мултимодалии Кулма — Кӯлоб ва ба воситаи он баромад ба дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ гардида, истифодаи ин долон ҳамчун кӯтоҳтарин масир барои интиқоли бор аз Чин ба давлатҳои минтақа, инчунин Эрон, Туркия ва Аврупо арзёбӣ гардид.
Дилнозаи Абдумалик, радиои
бурунмарзии » Овози точик».