Дар доираи равобити байналмилалӣ имрӯз дар самти авиатсияи гражданӣ кишвари мо бо 27 мамолики ҷаҳон созишномаи ҳамкорӣ дорад, — гуфт Дилшод Сафарзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гуфта шуд, ки аз ин теъдод 9 кишвари ИДМ, 7 кишвари Иттиҳоди Аврупо ва 11 кишвари Осиё мебошад.
«Аз ҷумла, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Туркия, АМА, Олмон, Чин мебошад», — гуфт мавсуф.
Мирсаид Сатториён,
«Овози тоҷик»