6 феврал дар Иёлати Уттар-Прадеши Ҷумҳурии Ҳиндустон дар ҳошияи вохӯрии 6-уми мақомоти аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода бо Раиси Идораи аудитори генералӣ ва назорати Ҳиндустон Гириш Чандра Мурму мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот оид ба ҳамкории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи аудитори генералӣ ва назорати Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 5 то 9 феврал дар Иёлати Уттар-Прадеши Ҷумҳурии Ҳиндустон вохӯрии навбатии Шӯрои мақомоти олии аудити давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ҷараён мегирад. Дар кори он ҳайати Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дорад.