Дар шаҳри Душанбе масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории илмию таҳқиқотӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Малайзия баррасӣ шуд. Дар ин бора Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар дод.
Зимни мулоқот доир ба самтҳои асосии фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо аз авлавияти асосӣ дар фаъолияти Марказ ба ҳисоб меравад. Иброз гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ байни марказҳои зеҳнӣ баргузор намудани машварату ҳамоишҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун ҳамчун таҷрибаи амалӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Мудири иҷроияи Бунёди муколамаи Пердана Муҳаммад Рафӣ Юсуф барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки Малайзия, махсусан Бунёди муколамаи Пердана ҳавасманди рушди ҳамкории бисёрсамта ва барои ҳарду ҷониб судманд бо Тоҷикистон аст.
Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории илмию таҳқиқотӣ, баргузор намудани симпозиуму конфронсҳои илмӣ байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди муколамаи Пердана мувофиқи мақсад шуморида шуд.