Имрӯз, 7 феврал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид. Мавзӯи конфронс ба “Забон ва адабиёти рус дар воқеиятҳои муосир” бахшида шуда буд.
Бино ба иттилои хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Тахмина Амонова дар кори он Муовини ректор оид ба илм, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадов Сафармамад, декани факултети филологияи рус, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Муҳаметов Ғафур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни конфронс аз ҷониби устодон дар бораи равиши салоҳиятнокӣ дар шароити бисёрзабонӣ, инчунин вазифаҳои услубии антропонимҳои председентӣ дар афсонаҳои халқии рус маърӯзаҳо пешниҳод шуданд.