Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти вазорати иқтисоди Федератсияи Русия масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баргузор гардад. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар мулоқот инчунин вобаста ба масъалаҳои ҷалби сармоя аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, таъсиси фонди сармоягузории Тоҷикистон ва Русия ибрози назар карда шуд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Русия ва дигар масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.