Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон бо Сафири Делегатсияи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кораблис мулоқот намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар аткя ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи кишоварзӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятнок мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин, оид ба тағйирёбии иқлим, истифодаи имкониятҳои мавҷуда, воридоту содироти молу маҳсулот ва техникаҳои кишоварзӣ, тухмиҳои хушсифат ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.