
9 феврали соли 2023 дар Намояндагии доимии Сингапур дар СММ вохӯрии кишварҳои узви Гурӯҳи дӯстони об ҷиҳати баррасии раванди тадорукоти Конфронси дарпешистодаи оби Созмони Милали Муттаҳид, ки 22-24 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк ба нақша гирифта шудааст, баргузор гардид.
Дар доираи чорабинии мазкур муколама байни муовини Дабири кулли СММ хонум Амина Муҳаммад, Намояндагони доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва Ёка Брандт ҳамчун ҳамраисони Конфронс ва кишварҳои узви Гурӯҳи дӯстони об роҷеъ ба аҳаммияти гирифтани ӯҳдадориҳои ихтиёрӣ дар чаҳорчӯби Рӯзномаи амали об ва омодагӣ ба ҳамоиши сатҳи баланд сурат гирифт.