Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров фаъол намудани робитаҳои доираҳои соҳибкорӣ, густариши ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, бахусус пахтакорӣ, пиллапарварӣ, боғдорӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот зикр шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат, содироти нуриҳои минералии истеҳсоли корхонаи «Индорама»-и шаҳри Қӯқанд ба минтақаҳои Тоҷикистон боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Ҷонибҳо ташкили сафарҳои ҳунарии мутақобилаи театрҳои вилояти Фарғона ва Тоҷикистонро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо зарур шуморида, барои таъмини иштироки ректорони мактабҳои олии вилоят дар ҳамоиши байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳии зиёратӣ ва тиббӣ ба мувофиқа расиданд.