21 феврали 2023 бо ибтикори Асотсиатсияи тиҷорат бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOБO) Муколамаи тиҷоратии Япония ва Осиёи Марказӣ доир гардид.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония, дар кори муколама сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати иқтисод, тиҷорат ва саноати Япония ва роҳбарони кумитаҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат намуданд.
Дар рафти нишаст намояндагони доираҳои тиҷоратии Япония суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи афзояндаи тиҷорати Япония ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таҳкими ҳамкориҳоро таъкид намуданд.
Мирзошариф Ҷалолов дар бораи зарфиятҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ва инчунин муайян намудани имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои судманд маълумот ироа кард.